Недавние новости

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Главные новости

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

17.04.23

Рӯзи 17.04.2023 бо мақсади таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия, ки ҳамасола 17 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, кормандони Фонди хайриявии "Лона" туҳфаҳои идонаву хотирмон таъсис дода, ҷиҳати тақдими минбаъда ба беморон, туҳфаҳои мазкурро ба намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд. Бояд тазаккур дод, ки Фонди хайрияи "Лона" ҳамкориҳои худро бо Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ монда, инак соли дуюм аст, ки дар ҳама ҷашну маросимҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба ташкилоти мазкур кумаки амалӣ мерасонад. Фонди хайрияи "Лона" тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ бо ин ва дигар созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкориҳои судмандро таҳкиму густариш бахшад ва барои расонидани кумакҳои зарурӣ саъю талош намояд.