Недавние новости

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Главные новости

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

Новый 2023 год!

29.12.22

Имрӯз (29.12.2022) бахшида ба Соли Нави мелодии 2023 кормандони Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе, ки дар он кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, боздид намуда, ба табобатгирандагон туҳфаҳои идонаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва лавозимоти тафреҳӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Фонди “Лона” изҳори қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории самимии худро иброз намуданд. Ин анъанаи неки Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ сурат гирифта, кормандони он дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф меоранд ва бо тақдими туҳфаҳои идона таваҷҷуҳи вижаи худро ба кӯдакон иброз менамоянд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонд ба ҳисоб меравад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2023 таҳният гуфта, ба тамоми беморон шифои комил таманно менамояд