Недавние новости

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Главные новости

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

01.06.23

Имрӯз, 1 июни соли 2022 бо ташаббус ва дастгирии молиявии Фонди хайрияи “Лона” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Шуъбаи cаратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 (ш. Душанбе) чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор карда шуданд. Дар ин чорабиниҳо роҳбарияти фонд ва мутахассисони соҳибкасби соҳа иштирок намуда, вобаста ба масъалаи ҳифзи кӯдакон ва аҳамияту зарурати таҷлили сартосарии ин ҷашн гузоришу баромадҳои пурмуҳтаво доир намуданд. Масъулини Шуъбаи саратоншиносии кудакона ва Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 ба роҳбарияти фонд ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхориҳои пайваста изҳори сипос намуда, ба идомаи ҳамкориҳои мутақобила дар ин самт таъкид намуданд. Ҳамзамон, барои болидарӯҳ кардани табобатгирандагон Фонди хайрияи “Лона” бо даъвати ҳунармандони саршиноси кишвар барномаи фарҳангӣ ташкил намуда, кӯдакони беморро бо тақдими туҳфаҳои ҷашнӣ ва ташкили рақсу бозиҳои шавқовар шод намуданд.